- вакил
- [وکيل]а1. он ки иҷрои коре аз тарафи касе, муассиса ё ҷамъияте ба ӯ супурда шудааст, намоянда; гумошта, фиристода: вакили анҷуман, вакили мӯътамад, ҳайати вакилони ҳукуматӣ; вакили мухтор таър. намояндаи соҳибихтиёри давлати марказӣ дар вилояте (дар солҳои аввали инқилоби Бухоро); вакили никоҳ ду нафаре, ки вақти ақди никоҳ аз тарафи домод ва арӯс ҳозир шуда, онҳоро таъйид мекарданд; вакили озуқа таър. маъмури ҷамъ кардани озуқа дар солҳои аввали инқилоби Бухоро; вакили сиёсӣ таър. гумоштаи ҳукумати подшоҳии Русия дар Бухорои амирӣ, ки ба корҳои аморат назорат мекард; вакили харҷ мутасаддии расмии шахсе, муассисае ё созмоне дар хароҷот2. намояндаи интихобӣ дар парламент, маҷлис, депутат◊ вакили баҳор муждарасони баҳор
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.